БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СӮҲБАТ АТРОФИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташилоти ибтидоии “Корхонаи  давлатии фаръии Хоҷагии манзилию коммунали”-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони ташилоти ибтидоии номбурда хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар хониши сиёсӣ аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти хизб, оиди ҳадафи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва оиди баргардонидани 84  шаҳрванди ноболиғи тоҷик аз маҳбасҳо ва урдугоҳҳои давлати Ироқ андешаронӣ карданд.

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи давлатии фаръии Хоҷагии манзилию коммунали”-и ноҳияи Шаҳритуз фаъолони ташкилоти ибтидоӣ  ба кӯчаи маҳалла баромада, баҳри ободонии маҳалли зисти худ якдилона корҳои ободониро анҷом доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg