
ДАНҒАРА. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Навобод”-и ҷамоати деҳоти Себистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар ин чорабинӣ Каримов Пирмуҳаммад – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди ҳозирин баромад намуда, оиди тадбиқи нуқтаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оиди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.