БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ФАРХОР. Тибқи дастури мақомоти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар арафаи Иди Ғалаба ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзоев Раҳим рафта ба ӯ кумаки молиявӣ расониданд.

Ҳамчунин, бо маблағгузории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор як ҳуҷраи хонаи Мирзоев Раҳим таъмири ҷорӣ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳизбиён бо чунин иқдоми неки худ деворҳои фарсудаи хонаи иштирокчии дигари Ҷанги Бузурги Ватаниро аз деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти Ватанро низ дар якҷоягӣ бо сокинони деҳа таъмир намуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg