БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАВИҲОИ КИШВАР ДАР ЧАШМИ НАҲЗАТИҲО ЧУН ХОР МЕХАЛАНД!

ВОКУНИШ. Терроризму ифротгароӣ имрӯз ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, фоҷиаҳои  мудҳишро ба бор меоварад. Дар дунё давлате нест, ки аз ин хатар эмин бошад. Дар як сол дар бештар аз сад давлати дунё ба амал омадани таркиш, қатлу куштор аз тарафи ваҳшиёни одамбашара гувоҳи ин гуфтаҳост.  Аз рӯи ҳисобҳо танҳо дар соли гузашта  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бешаз 10 ҳазор кас бар асари амалҳои террористӣ маҷруҳ шуда, беш аз 4000 нафар ба ҳалокат расиданд.

Террористон барои расидан ба мақсади нопоки худ аз чизе даст намекашанд. Раҳму шафқат барои онҳо бегона аст. Ҳолатҳое ҷой дорад,  ки аъзоёни ин гурӯҳ ба таври намоишкорона дар назди издиҳом модари худро ба қатл расонидааст.

 Боиси таассуф аст, ки дар мубориза ба ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша читавре Пешвои миллат қайд менамояд, муносибати ягона  дида намешавад. Имрӯзҳам дар ҷаҳон нерӯ ва ниҳодҳое мавҷуданд, ки бо мақсади ғаразноки худ, на танҳо ҷангу ифротгароӣ, терроризм ва радикализми диниро таблиғу ташвиқ, балки ба ҳар роҳ онҳоро дастгирӣ мекунанд. Ягон гурӯҳи террористӣ корхонаи истеҳсоли яроқ надорад.  Маълум, ки онҳоро давлатҳое, ки аз амалҳои террористӣ манфиат доранд, бо аслиҳаҳои замонавӣ таъмин менамоянд ва ҷояш ояд боз намоишкорона ба муқобили онҳо мубориза мебаранд.

 Идеология экстремизми динӣ ҳамеша талош меварзад, ки бо истифода аз дини мубини ислом мақсадҳои гурӯҳии худро ба анҷом расонад.   Террористу терроризмро ба гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин нест, зеро террорист, читавре дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Маҳз дар оғози Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва руҳониёни наҳзатӣ аз ҳамин роҳ истифода намуда, мардуми ноогоҳро зуд ба доми худ афтонданд.  Оқибати муқобилистии мардум ба фоҷиа анҷомид.

Аз рӯи маълумотҳо дар давоми фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон 304 нафар аъзо ва тарафдорони ин ҳизб дар содир кардани 560 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, дар ҳайати гурӯҳҳои террористию экстремистӣ айбдор шуданд. Дар маҷмӯъ бошад аз ҷониби ин ташкилоти террористӣ  1610 ҷиноят, аз қабили куштор, таҷовуз ба номус, ҳаракатҳои зӯроварии шаҳвонӣ, терроризм, бандитизм, экстремизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ, ташкили гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва воҳидҳои мусаллаҳ, роҳзанӣ, ғасб намудани ҳокимият, даъвати барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, тахрибкорӣ, исёни мусалоҳонаю зархаридӣ содир шудаанд. Мутаассифона, дар он марҳалаи печида ва ҷараёнҳои гуногуни омехта муайян кардан душвор буд, ки барангезандаи ҳамаин нооромиҳо киҳоанд, чӣ мақсад доранд ва  аз куҷо маблағгузорӣ карда мешаванд. Зеро дар зери шиорҳои фиребандаи динӣ мақсади ниҳоии худро пинҳон медоштанд.

Ҳизби наҳзати ислом бо истифода аз калимаи “ислом” бисёр хостаҳои худро амалӣ месохт. Ташвиқу тарғиб менамуданд, ки ин ҳизб фармудаи Худост ва касоне, ки нисбати ин ҳизб беэҳтиромӣ менамоянд, дар рӯйхат онро хат мезананд, гунаҳкор ва осӣ мешаванд. Ин амал мисли он  аст, ки  кас номи Худоро хат зада бошад.

Бо мурури замон ва воқеаҳои минбаъда кию чӣ будани наҳзатиҳо, яъне чеҳраи аслии онҳо ошкор гардид.

Махсусан сидқан бо гуноҳҳои худ ва ин ҳизб иқрор шудани шахсиятҳои шинохтаи он чун Муло Абдураҳим Каримов, Айёмиддин Сатторов, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва дигарон собит сохт, ки ба воситаи Ҳизби наҳзати ислом идеологияи сиёсии исломии давлатҳои хориҷ мақсадҳои хешро амалӣ менамуданд.

Имрӯз, ки он таблиғоти пешин ба кор намеравад, роҳбарони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ роҳи дигари мардум фиребиро пеша намудаанд. Онҳо худро ва ҳизби террористиашонро  муборизони роҳи рост эълон намуда, дар навбати аввал номҳоеро ба худ мегузоранд, ки ишора ба пуштибонӣ аз миллат, дин, демократия ва дигар арзишҳои инсон созии одамонро  дошта бошад.  Маълум, ки нахуст хешро “наҳзати ислом”, сипас ”ҳаракати миллӣ” ва акнун худро даво диҳандагони ҳаракати “озодихоҳони босмачӣ” унвонгузорӣ кардаанд.

 Имрӯз чунин ба назар мерасад,  ки пешрафту тараққиёти кишвар,  сохтумонҳои азими аср, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ба чашми танги наҳзатиҳо, пеш аз ҳама ба Муҳиддин Кабирӣ чун хор мехалад. Аз бетоқатӣ ва ноҳинҷорӣ ҷойи нишаст намеёбад. Бағайр аз туҳмату бӯҳтон, ғараз гӯӣ кори дигаре аз дасташон намеояд. Дар ҷавоби навиштаҳо ва гуфтаҳо аз тарафи одамоне, ки ҳақиқати ҳолро медонанд, ҳамасола болоравии  сатҳи зиндагии мардумро бо чашми худ мебинанд, онҳое, ки дилашон ба ин Ватан ба ин миллат месӯзад, онҳо, ки шаҳди ғарибиро чашидаанд,  онҳое, ки дар ҷанги шаҳрвандие, ки бо гуноҳи роҳбарони ҳамин ҳизб ва хоҷагони хориҷиашон барангехта шуду зану фарзанд, падару модар, хешу ақрабои худро аз даст додаанд,  ба ҳафтпушташон лаънат мешунаванд,  вале аз амали зишти худ даст намекашанд, чунки аз пайи ҳамин касби ҳаром (тӯҳмату ғаразгӯӣ ) луқмаи ҳароми худро пайдо мекунанд.

Аз ин ҳоли табоҳ беҳтар онест, ки чун Айёмиддин Сатторов ва дигарон ба гуноҳи худ сидқан иқрор шаванд, вақте рӯзашон буд шуд,   дар гӯшае аз хоки Ватан дафнашон намоянд.

Шоир шояд барои чунин одамони нодони мансабҷӯ, давлату сарватҷӯй панд дода  ҳаққонӣ фармуда, ки:

Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам.  

Гадо будану дар хоки Ватан зистан, аз подшоҳӣ дар кишвари бегона афзалияту бартарӣ дорад.  Инро он касе дарк мекунад, ки Ватан барояш аз ҳамачиз азизу мӯътабар аст.

 

Ҷангихон Одинаев, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg