БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ МАҚСАДҲОИ НОПОК ДОРАД!

ВОКУНИШ. Тавре ҳамагон медонем барои сабзонидани идеологияи муқтадири динӣ аввалҳои солҳои 70-уми асри гузашта ҳаводор ва тарафдорони ҳаракати исломӣ дар Тоҷикистон пайваста кӯшиш намуда, бо усулҳои ба худ хос роҳҳои ҳирфаӣ кардани ҳизби исломиро ҷӯё буданд. Яке аз роҳҳои  афзалтари расидан ба мақсад ва шинохти ҳизби наҳзати ислом ин истифода аз ҷавононе, ки таассуроти дурусти шинохти ҷомеа ва дини мубини ислом надоштанд, маҳсуб ёфта, бо ақидаҳои дингароӣ ва тарбияи насли наврас дар заминаи  динии  онҳоро  пинҳонӣ  майли худ месохтанд.

Исломгароёни сиёсӣ дар ҳамон давру замон эҳсос карданд, ки дур будани  як насли сокинони Тоҷикистон аз донишҳои динӣ барои тарғиби ғояҳои ҳизби наҳзати исломӣ заминаи манфиатовар дошта, аз ин нерӯ метавон дар оянда ҳамчун нерӯи тавонманд истифода кард. Ахиран ҳамин тавр ҳам шуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳизби наҳзати исломӣ дар доираи ба ном «тарбияи исломӣ додани ҷавонон» онҳоро дар сангарҳо муқобили ҳам гузошт, бародар бо бародар, падарро бо писар душман сохт.

Баъди идомаи ҷангу хунрезӣ ва барқароршавии сулҳу субот дар кишвар ҷойи ободкорӣ боз аз сари нав роҳи хиёнатро пеш гирифт. Ҷойи тарғиби ғояҳои давлатсозӣ ва мусоидат ба  пешрафти хоҷагии халқи мамлакат бозиҳои пасипардагӣ ва роҳҳои самараноки расидан ба ҳокимиятро ғайримунсифона ва бар муқобили эътиқоди сиёсии мардум амалӣ кардан мехостанд.

Хушбахтона, ин маротиба низ шикаст хӯрданд, аниқтараш сокинони ватандӯсти  кишвар  шикасташон  доданд. Қисман садорати ин ҳизб, ки соли 2015 террористӣ эълон гашт якҷоя бо раисаш М.Кабирӣ ба хориҷ гурехта, қисми дигар дар доираи афкори шахшудаи он зиндонӣ шуданд.

Имрӯз ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ  дар хориҷи мамлакат картаҳои фаъолияти сиёсиро аз оғоз то имрӯз бознигарӣ намуда, хатоиҳои худро барои ислоҳ кардан ва баргаштан ба арсаи сиёсат аз роҳу воситаҳои нави замонавиро меҷӯяд.

Тибқи таҳлилҳо ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тарафдорону аъзоёни худро зиёд намудан хоста барои амалисозии ҳадафҳояш аз ин қишри ҷомеа истифода бурданро афзалтар медонад.

Дастандаркорони ҳизбӣ мамнуъи наҳзати исломӣ эҳсос кардаанд, ки дигар дар ҷомаи кӯҳнаи духташуда  фаъолияти онҳо аз тарафи ҷомеаи маданӣ қабул намешавад, дар кору пайкори сиёсиашон қариб, ки дигар аз ислом ном намебаранд. Исботи ин гуфтаҳо расонаӣ кардани М.Кабирӣ ҳамчун раиси Паймони миллии Тоҷикистон ё ба ҳайати «паймони миллӣ» Кабирӣ ҳамчун «фаъоли сиёсӣ» дохил шуда, ҳизби наҳзати исломӣ  дар масири  фаъолияти  «паймон» мақом надорад.

Ба ақидаи дигар ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ғоясабзонии навро вобаста ба шароиту замони нав пеша кардааст. Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ туқуму узангӯи наву либоси навро дар худ пӯшиш дода, барои моил сохтани ҳамватанони мо ба сӯи худ роҳҳои алтернативии расидан ба ҳадафро пиёда сохта истодааст.

Бинобар ин моро мебояд дар муносибату фаъолият ба ин гурӯҳи осебпазири  ҷомеа хеле ҳушёру зирак бошем. Зеро ворид шудан ба бозиҳои сиёсии  чунин афрод  ҳам хонаи худу шаҳрвандон ва  ҳам хонаи миллатро  месӯзонад.   

                       

М.Сунатуллоева- мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шохин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg