БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРЗАНДОНИ ХУДРО ГИРОМӢ ДОРЕД ВА ОНҲОРО ДУРУСТ ВА САҲЕҲ ТАРБИЯ КУНЕД!

АНДЕША. Асри  XXI  баробари ворид шуданаш ба таърихи башарӣ баъзе фалокатҳои гуногуни табиӣ ба монанди терроризм ва экстремизмро ворид намуд. Дар ҳақиқат, кас ба фикр меравад, ки чаро фарзанди ин сарзамин, парвардаи ин хок, ин меҳани зебо-Тоҷикистони азиз, ба Ватани худ хиёнатро раво мебинаду ба гурўҳҳои ифротӣ шомил гашта боиси ғаму андўҳи зану фарзандон, падару модар гашта русиёҳ мегардад.

         Президенти гиромии мо, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри  XXI  табдил ёфтааст». Дар ҳошияи ин сухан ҳар фарде фикри худро баён мекунад ва роҳу равиши халосии ҷамъиятро аз ин вабои аср ҷўё мешавад.

          Ҳамагон таълиму тарбияи дурустро дар оила, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ  ва муҳити зиндагӣ асоси пешгирии ифротгароӣ медонанд, ки ин хеле дуруст аст. Агар шахсе, ки дар оилаи солиму бофарҳанг ба воя расида бошад, ҳисси дўстдорӣ, меҳру шафқат дар ў ҳувайдост. Баъзан мешунавем, ки писар берозигии падару модар ба гурўҳи террористӣ шомил гаштааст, кас сабаб меҷўяд, ки ин ҷо чӣ гап аст? Паёмбари муҳтарамамон Муҳаммад (с) мефармояд. «Фарзандони худро гиромӣ доред ва онҳоро дуруст ва саҳеҳ тарбия кунед, то Худованд гуноҳони  шуморо бибахшад». Ин ҷо як ибораи хеле фарҳангӣ ҷой дода шудааст «Фарзандони худро гиромӣ доред», яъне онҳоро эҳтиром кунед, мебояд падару модар бо суханҳои пандомези худ ва рафтори худ кўшиш кунад, ки фарзандаш ўро дўст дорад, эҳтиром кунад, пеш аз сафар дуои ўро, розиги ўро ба даст орад. Бисёрии волидони мо бо фарзандон сўҳбати хосса намекунанд, онҳоро фақат бо роҳи тарсонидан, таҳдид намудан мехоҳанд тарбия кунанд, ки ин самари нек надорад.

           Роҳи дигаре, ки боиси пешгирӣ аз ин фалокат бояд бошад, ин нишонрас ва бо далелҳои возеҳ ташкилу гузаронидани вохўриҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни падару модарон, аҳолӣ ва хусусан ҷавонон мебошад. Бузургон «Ҷавонию – ҷунинӣ» гуфтаанд, ҷунуни ин беақлӣ, девонагӣ гуфтан аст, моро, калонсолонро лозиму фарз аст, ки аз рафтори фарзанди наврасу ҷавони худ доимо огоҳ бошем, онро ислоҳ намоем фикри худамонро гузаронида тавонем. Агар фикрамонро гузаронида тавонистем, мо муваффақем, қарзи волидайниамонро иҷро карда тавонистаем, агар натавонистем, фарзандамон моро гўш накард, маълум мешавад, мо рисолати падариву  модарии худро иҷро карда натавонистаем.        

         Зеро мо ҳамагон фарзанди ин Ватанем, Ватан аз мост, мо аз Ватанем.

 

Мирзозода Исуф - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон     

     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg