БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ВОБАСТА БА ОБ МАСЪАЛАИ МУҲИМИ РӮЗ АСТ

АНДЕША. Воқеан имрӯз кишвари азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Пешвои муаззамаш дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як давлати ташаббускор шинохта шудааст.
Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, боиси хушнидии тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро Сиёсати дарҳои кушод ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги  давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Дар ин давра Тоҷикистони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд.

Ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсифати фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад.

Боиси зикр аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита бо масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд.

Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, Пешвои миллати моро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15 нафара, ки ҳама роҳбарони ташаббускорро дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. 14 нафари дигари ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихобшуда роҳбарони давлатҳои Чин, Ҳиндустон, Нидерландия, Маҷористон, Мексика, Сингапур, Австралия ва дигарон мебошанд.

Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома хоҳад дошт.

Хотиррасон бояд намуд, ки қарор дар бораи таъсиси панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмааи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи рушди устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола қабул гардида буд.

Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллати тоҷик дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин робита, 28 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори  бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилилӣ дар соҳаи об арзёбӣ карда, аз нақш ва мақоми устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбута ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуданд ва изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад.

Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмааи кулли СММ Соли байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро (2013) эълон кард.

Чорабиниҳои глобалии мазкур дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об, чӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва чӣ дар таъмини сулҳу субот ва рушд саҳми шоёни худро гузоштанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардидани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ин ташаббуси инсонпарварона барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ боиси ифтихор аст.

Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд.

Тайи даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиӣ вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад.

Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар дар андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Чунин ҳолат аз мо андешидани чораҳои муассир ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои оби кишвар ва бо ин тағйиротҳо мутобиқ гардондани низоми истифодаи обро тақозо менамояд.

Бо ин мақсад мо ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишварро мебояд нисбати ин ганҷинаи бебаҳо бетавовут набошем ва кӯшиш намоем, ки дар ҳар давру замон инсоният ба масъалаи об ва гироми доштани он саъю талош намоянд.

        

Хусрав Бобобеков –раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ёвон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg