БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМХОРИҲОИ НАВБАТИИ БЕПОЁНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФАРЗАНДОНИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ман аз он фахр мекунам, ки чунин Пешво дорам, ки бо сиёсати хирадмандона ва инсондустонааш аз болои кишварамон сарварӣ намуда, барои ин миллат, барои ин давлат, барои беҳдошти зиндагии мардум ва мутаҳиддии он ҷонашро дареғ намедорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот кард, ки воқеъан ҳам як роҳбари одилу раъиятпарвар ва инсондусту хирадманд аст. Бо иқдоми навбатии худ Пешвои миллат шоми 30 –уми апрели соли 2019 84 нафар кӯдакони оилаҳои гумроҳшуда, ки волидайни онҳо дар сафи Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил гардида, дар зиндонҳои Ироқ қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Ин боз як нишонаи он аст, ки Пешвои миллат доимо дар фикри ояндаи кӯдакону наврасони мо, ояндаи халқу миллати мо буда, нисбат ба тақдиру ҳаёт ва зиндагии шоиста шаҳрвандони кишвари азизи мо, навобаста аз ҷойи буду бошашон бетафовут нестанд.

Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқ яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз тамоми кишварҳои олам садҳо кӯдаки ноболиғ дар зиндонҳои давлатҳои Сурияву Ироқ қарор дорад, аммо то имрӯз ҳеҷ як кишваре барои баргардонидани ноболиғони худ аз кишварҳои болозикр иқдоме накарданд. Аввалаин шуда Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ин коро анҷом доданд.

Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтрама Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дўст дорем.

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg