БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМЕША БАРОИ МИЛЛАТАМ, ХАЛҚАМ ВА ДАВЛАТАМ ХИЗМАТ МЕКУНАМ!

АНДЕША. Замоне, ки фарзанди фарзонаи миллат, номбардори халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор ҳамчун роҳбари давлат интихоб шуд, чунин гуфта буданд: “То, ки бошам барои миллатам, барои халқам,барои давлатам хизмат мекунам». Исботи ин гуфтаҳо ҷон дар каф монда, барои баргардонидани шаҳрвандони кишвараш ба давлати ҷангзадаи исломии Афғонистон сафар карда, охирин нафар гурезагонро ба Ватан баргардонид.

Санаи 30 апрели соли 2019 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик бо хатҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро ин рўз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ шаҳрвандони Тоҷикистон - 84 нафар кўдакон аз зиндонҳои давлатҳои Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.

Кўдаконе, ки аз олами ҳастӣ чизе намедонистанд, алакай сахтиҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Сабаб мафкураи пасти падару модар, надоштани саводи кофии динӣ  ва  сиёсии онҳо мебошад. Таблиғу ташвиқи бегонагонро аз ҳаёти наздиконашон авлотар дониста, худ ва оилаҳои гумроҳшудаашон ба сафҳои лашкарони ДИИШ  пайвастанд. Худ кушта,  фарзандон ва оилаҳои бесарпаноҳ  дар зиндонҳои Ироқ ва Сурия  маҳкама гардиданд.  Дар ин ҳолат ҳам Пешвои муаззами миллат аз фарзандони худ рўй нагардонид.  Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат бори дигар собит намуд, ки бо иродаи устувор метавонад тамоми монеаҳоро бартараф созад ва халқро ба қуллаи мурод расонад.

Беҳтарин хислатҳои инсониро дар шахсияти Роҳбари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидем. Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарханги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба халқу Ватани  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмули оламиён гашт. Ана ин аст ватандорӣ, инсондўстӣ ва худшиносии миллӣ.

Рўзи хурсандибахш ва шодию нишоти кўдакони ба Ватан баргаштаро тариқи телевизион дидаму як ҳаяҷони ифтихор аз тоҷик будан кардам. Ифтихор аз он, ки миллати тоҷик миллати Худод аст, чунки атои ў Пешвои миллаташ аст. Ҳоло кўдакон дар шароити хуби зиндагӣ фаро гирифта шуда, дар ташхиси духтурон ва равонишиносон қарор доранд.

Пояндаву ҷовидон бод, Пешвои муаззами миллат!

 

 

Атавуллоева Зебунисоудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg