БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДУ ЗЕБО ГАРДОНИДАНИ ВАТАН МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи ташаббусҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби зиёди аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар гузаргоҳи марказии ноҳия чорабинии оммавии гулшинониву кабудизоркунӣ баргузор  гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини раис - мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Меҳрубон Сидиқова иштирок намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуд.

Мақсад аз ташкил намудани чунин чорабиниҳо ин ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаи Ватани азизу маҳбубамон ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg