БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ХУБИ НАСЛИ НАВРАС ВАЗИФАИ МУҲИМИ ВОЛИДАЙН АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Сарипул»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии ҳизбӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ Асалмамад Бекмамадов корманди масъули ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешбини шудааст, ки «Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд на танҳо вазифаи волидайн ё танҳо муассисаҳои таълимӣ аст, балки аҳли ҷомеаро мебояд нисбат ба он бетараф набошанд».

Ҳамчунин, қайд гардид, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби масъулин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву Олии кишвар пайваста бо толибилмону донишҷӯён суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд, ки ин худ аз амалишавии қонуни мазкур гувоҳӣ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи қонуни мазкур ҷоннок намудани кори таълиму тарбияи насли наврас аст. Аз ин рӯ месазад, ки аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ бошанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ тарбият намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg