БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ҲИЗБИЁН ҚАРОР ДОРАНД

ПАНҶ. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоми миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ба  ғамхорӣ  фаро гирифта шудаанд.

 Бо мақсади таҳти ғамхори фаро гирифтани иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва расидан ба қадри фидокориву ҷонисориашон дар мубориза бар зидди фашизм инчунин бахшида ба таҷлили солгарди 74-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, истиқоматкунандаи шаҳраки Панҷ, Умаров Мирзоҳодии 93-сола рафта, ба ў кўмакҳои яквақтаинаи ҷашниро тақдим намуданд.

Зимни вохўрӣ Умаров Мирзоҳодӣ аз муҳорибаҳои солҳои ҷанг  ҳикояҳо намуда,  ҷавононро барои расидан ба қадри сулҳу ваҳдат ҳидоят намуд.  Дар охир ў даст бар дуо бардошта,  бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ягонагӣ ба Пешвои миллат ва  барои ташрифи ҳизбиён миннатдории худро баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg