БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ ПЕШРАВИҲОИ КИШВАР РУҲБАЛАНДАНД

ФАРХОР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади амалӣ намуданӣ ҳадафҳои барномавию Оинномавӣ, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқ шуда, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Себи Сурх” –и ҷамоати деҳоти Ватан бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор намуда, атрофи Ғалабаи мардуми Шуравӣ бар зидди Германияи фашистӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар робита ба иҷрои Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои ободонӣ иҷро карда шуд. Аз ҷумла сокинони деҳа ҷанозагаҳи деҳа ва даромадгоҳи қабристонро тозаву озода намуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg