
МУЪМИНОБОД. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Чашмасор»-и ноҳияи Муъминобод оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвон «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсумбӣ Раҷабова хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26.12.2018 бармеояд, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия идома доранд.