БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВИИ БА ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат”-и ноҳияи Қубодиён дар мавзӯи “Таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрав ба амнияти ҷомеа” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин дар бораи фаъолияти  ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки тобиши диниро бештар ба худ касб намудааст суханронӣ намуд.

 Баъдан дар бораи мафҳуми экстемизму терроризм маълумот дода, дар бораи амалҳои террористие, ки дар давлатҳои шарқи  наздик дар солҳои охир ба вуқуъ пайвастаанд ва ҷомеи имрӯзаро зери тарсу ҳарос қарор додан андешаронӣ кард.

Дар фарҷоми сухан аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд ва ба тарбияи фарзандони хеш ҷиддӣ машғул бишаванд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg