
ВАХШ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Рӯзобод»-и ҷамоати Кирови ноҳия бо аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб оид ба самтҳои афзалиятиноки фаъолияти ҲХДТ ва ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов иштирок ва андешаронӣ намуд. Зимни баромади хеш қайд кард, ки имрӯз замони он расидааст, ки барои пешравти Ватани азизамон Тоҷикистон бештар кушишу заҳмат бикашем.