БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСҲОИ НЕКУ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ТАРҒИБ МЕКУНЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон чорабинии сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ин чорабинӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ иштирок ва суханронӣ намуданд иштирок карданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДт дар ноҳия Файзизода Каримҷон оид ба ҳадафи эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, андешаронӣ намуд.

Баъди анҷоми вохӯрӣ иштирокдорон дастаҷаъмона дар ҳашари умумии асфалтпўш намудани роҳҳои дохили деҳа, ки бо иқдоми як нафар сокинони он Сафарова Ҳанифа ба роҳ монда шуда буд иштирок намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg