
ҶАЙҲУН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат махсусан дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Дар рафти ин Аксия кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун иштирок ва суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ баҳои баланд доданд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони деҳаи Лоҳутӣ зиёда аз 1-км роҳи байни деҳаро бо асфалтпуш ва таъмири ҷорӣ намуданд.