БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА КОРРУПСИЯ НЕ МЕГЎЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Вохӯрии навбатии кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Панҷ дар маҳаллаи 15-солагии Тоҷикистони ҷамоати дехоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳаёти нав» доир гардид.

         Дар вохӯрӣ Файзизода Каримҷон оид ба яке аз омилҳои нангин ва  хатарноки ҷомеа коррупсия андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки мубориза зидди ин падидаи номатлуб вазифаи мақомотҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ  ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад.

Баъдан, дар бораи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки амалӣ намудани он бо роҳандозии Аксияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” мусоидат менамояд, қайд гардид.

Ҳамзамон дар ҷараёни вохўрӣ аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ китобҳои тозанашри Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвонҳои “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ дар мисоли НБО-Роғун”, “Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ” ва “Хатлон” ба ҳозирин  дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg