БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ ҶИДДӢ ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

ВОКУНИШ. Терроризм, экстремизм зуҳуроти номатлуб буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое пайдо гаштанд, ки хусусияти террористиию экстремистӣ дошта, ҷавононро ба доми фиреби худ мекашонанд. Аз ҷумлаи фаъолтарин чунин ҳизбҳо, «Ҷиҳод» ё «Ал-қоида» ё ба ном "Давлати исломӣ" ҳастанд, ки зери шиори «Ҷиҳод» ҷавонони зиёдро ба вуҷуди мусалмон буданашон ба баҳонаи такфиру ҷонибдорӣ аз «Ҷиҳод»-и бадномкунандаи ислом қатл менамоянд ва бо ҳамин роҳ онҳоро надониста номи поки исломиро доғдор месозанд.

Омилҳои зиёде ҳастанд, ки ҷавононро шомили ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо месозанд. Аз ҷумла фаъоли чунин омили ҷаҳонии интернет, шабакаҳои «Однакласник» ва «Фейсбук» мебошанд, ки нақши калидиро дар паҳн намудани наворҳои хусусияти экстримистӣ дошта мебозад. Омили дигар аз ҳама муҳим, ки ҷалби ҷавононро ба ин ҳизбҳо осон мекунанд, ин ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани ҷавонон мебошад.

Мувофиқи баъзе маълумотҳо дар ҷаҳон тақрибан 400-созмони террористӣ пинҳон кору амал мекунанд. Иштироки шаҳрвандони кишварҳои  ИДМ дар ин гунна созмонҳо васеъ ба назар мерасад.

Теъдоди ҷангиён аз кишварҳои Осиёи марказӣ дар ин гунна ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок менамоянд, зиёда аз 600-нафарро дар бар мегирад.

Терроризму экстремизм мушкилоти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Мо аллакай хатари ин гунна ҳизбу ҳаракатҳоро, ки дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон аз тарафи ҲНИ, ки айни замон дар ҷумҳури мамнуъ эълон гаштааст рӯх дода буд, шоҳид гашта будем.

Дар солҳои мудҳиши 90-ум маҳз ҲНИ сабабгор буд,  ки оромии Тоҷикистонро ба коми ҷангу хатари нестшавӣ кашида ва зарари зиёди иқтисодию  иҷтимоӣ ба давлату миллат расонид.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдатии миллӣ-Пешвои мииллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ қайд мекунанд: «Тероррист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад ».Ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд.

Пас моро мебояд, ки дастаҷамона бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем ва сулҳу оромиро барқарор нигоҳ дорем. Вале таасуф, ки баъзан ҷавонон ва соҳиб мансабон низ ҳастанд, пайравӣ ба ин гунна ҳизбу ҳаракатҳо мекунанд ва мехоҳанд оромию осудагии давлату миллатро халалдор созад.

Аз ҷумлаи Кабирю ва Шурофиддин барин аблаҳон, ки оромии кишварро халалдор сохтанианд ин амали онҳо нобахшиданист. Мубориза бо терроризму экстремизм яке аз ҳадафи асосиии ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳамкориҳои ҳама давлатҳоро талаб мекунанд.

Ҳодисаҳои дар Суря ва Ироқ ба амал омада бори дигар хушдор медиҳад, ки баҳри ҳифзи амнияти давлат зирак будан шарт аст, то ки оромии кишварро таъмин кунем. Мубориза бо терроризму экстремизм фаъолияти дастаҷамонаро тақозо дорад.

 

Маҳмудов Шамолиддин- вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg