БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК БЕСОҲИБ НЕСТ!

АНДЕША. Шоми 01.05.2019, АМИТ “Ховар” хабар дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 -  нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик тариқи хатсайри Бағдод – Душанбе - Бағдод аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ноболиғонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусензода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода ва дигарон истиқбол ва пазироӣ намуданд.

Ин амали ватанпаварона, инсондӯстона ва мушфиқона аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат нахостанд, ки 84 -  нафар ноболиғони Ватани азизамон дар кишвари аз мо дуртар умр ба сар баранд, азият кашанд ва ба нокомию ноумедӣ  рӯ ба рӯ гарданд.

Оварда шудани 84 -  нафар ноболиғони аз Ватан дурмонда дар ҳақиқат барои мо дард буд, алам буд. Акнун ҳар як шаҳрванди тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ эҳсос намуд, ки ӯ бесоҳиб нест. Ӯро Пешвои миллат ҳамеша пуштибон ва ҳомӣ мебошад. Вақте ки мо ин лаҳзаҳоро аз оинаи нилгун мушоҳида мекардем, хурсандӣ ва шодмонии ноболиғони ба ватаномада, моро басо муассир намуд. Ноболиғони тоҷик, мо фикр мекунем, ки чун пой ба ватани аҷдодиамон гузоштанд, ҳар яки онҳо дар қалбашон шодиву фараҳ лабрез гардид. Онҳо  ин лаҳзаҳо бехавфу беҳарос буданд ва амну амнияташон таъмин гашта буд. Волидайни тифлакони маъсум аз беандешӣ ва эҳтиром надоштан ба ватани аҷдодиамон, ки дар кишвари бегона биҳиштро тасаввур карда, ба коми террористон, ки ба ном давлати исломӣ барпо мекарданд, афтода буданд, худ ва ин тифлаконро сарсону саргардон намуда, шояд ин лаҳзаҳо аз амали нангину носовобонаи худ азоби виҷдон мекашида бошанд?

Мо, омӯзгорон, боз ин амалӣ инсондӯстона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ мекунем ва аз ин иқдоми нек шукргузорӣ менамоем чунки мо пайравони маиллатем.

 

Раҳимова М-Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1–и ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg