БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОДАМОН АЗ ДЎСТИ ЁБАНД БАХТ, ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РЎЗИ САХТ!

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали интихоб гаштанашон ба ҳайси вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳама вакилон ва шаҳрвандони тамоми минтақаҳои кишвари азизамонро ба сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ даъват менамуданд. Маҳз он ҷангҳои таҳмилие, ки дар ҷумҳурӣ сар заданд бо ҳидояту роҳнамоиҳои як қатор хоинони миллат, ки дину мазҳабу ватани худро ба душманон фурухта буданд роҳандозӣ ва сарчашма мегирифт, ки дар натиҷа ҳазорон шаҳрвандони осоишат ҷони худро аз даст дода, бисёриҳо тарки хонаву Ватан намуданд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои  миллат буд, ки гурезагон аз хоки бегона ба ҷою макони азалии хеш баргардонида бо рақибони сиёсӣ дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзор расониданд, ки нишонаи ба охир расидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Имрўзҳо Пешвои миллат боз як амали хайрро иҷро намуд. Бо супориши  Президенти кишвар 84 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қисмати зиёди онҳоро кўдакону ноболиғон ташкил медоданд, аз мавзеъҳои ҷангзада ва асорати гурўҳҳои террористиву экстремистии аз ҳудуди давлатҳои Ироқу Сурия халос намуда, ба Ватан баргардонида шуданд. Аз тарафи намояндагони мақомоти дахлдор миёни шахсоне, ки айни ҳол дар мавзеъҳои ҷангзада қарор доранд ва ё дар маҳбасҳои Ироқу Сурия зиндонӣ мебошанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуда истодааст. Боварӣ комил ҳаст, ки дар муҳлати кутоҳтарин бо дастгирӣ ва роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боқимонда шахсон ба Ватан ва ҳаёти осоишта баргардонида мешаванд.

Имрўзҳо ҳамаи шаҳрвандони огаҳ аз ин амали нек, сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуд гардидаанд.

Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба бо ҷону дил дастгирӣ карда барои дар амал татбиқ намудани онҳо саъю кушиш менамоем.

Исоев Фаррух, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg