БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОРИ ДИГАР ШАРАФИ МИЛЛАТРО ҲИФЗ КАРД!

АНДЕШАМо, ки баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлати миллӣ гаштем барои пуштибонӣ кардан аз тоҷикони бурунмарзӣ ва ваҳдати тоҷикони ҷаҳон масъулияти маънавӣ дорем таъкид намудааст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 Инъикоси зиндагиномаи Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвари азизамон дар қолаби бузургтарин ахбору қиссаҳо, мақолаву достонҳо, филмномаҳову наворҳо ғунҷоиш намепазирад. Марди таърифофарину давлатсоз Тоҷикистони азизро бар ўҳда дорад, саҳлу содда андеша рондан ва бе далелу аснод сухан гуфтан раводиди ақлу инсоф намебинад. Ҳама гуна давлат бе сарвар ҳеҷ аст. Ан ин рў, маърифтнокиву хирадмандӣ, фаросатбориву шуҷоатнокӣ ва саховатпешагиву ҷавонмардии ин шахсияти сарвар яқинан тири паргорест, ки мардуми мамлакат дар атрофаш мечарханд.

Сарвари давлат сулҳҷўйи сартосарии олам ва хосса ҳамаи хешро ба тамоми давлатҳои сайёра нишон додаст.  Дар таърихи инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки  тақдир бар вай шахсиятҳои бузургро  эҳдо намудааст, то чун оҳанрабо халқашро дар атрофаш муттаҳид кунад ва дар сарзаминаш ба созандагӣ машғул шавад. Ҳамин гуна сарвар бар миллати тоҷик аз тарафи Худованд ато шудааст.

Таърих гувоҳ аст, ки  миллати тоҷик озода зистан ва аслан  дар ҷони хеш хусумату тўҳмат ва дассисаву қабоҳатро  ба ҳеҷ ваҷҳ  ҷой намедихад, зеро миллатест деҳқоннажоду фарҳангдўст ва хирадманду накўкор.  Воқеан ҳамин тавр буд, ки  бегонагон ҳамеша чора меҷўстанду  дассиса мебофтанд ва ҳангоматалабона моҷарои таҳмилиро ба бор меоваранд, то иддае гумроҳони ин миллатро ба сўи хеш кашанду дилдорӣ намоянд ва ҳамзамон ханҷар аз пушт бар камари азизтарин фарзанди фарзонаи содиқи миллати мо бизананд, имкони воқеии иҷрои нопоки худро дошта бошанд. Хоҷагони бурунмарзи чун гулҳои қоғазӣ ба пеши саҳнаи фоҷиаангез кашанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ  маромбардори миллати озодаи тоҷик набуданд ва яқинан ин мушти ночиз хўсаҳои боли палаки паҷмурдаро ба ёд меоваранд.

Хоҷагони бегона бояд бидонанд, ки дигар тоҷикро фиребидан ва ба коми худ мароми онро сафарбар намудан саҳлу сода нест. «Мулк бо куфр бипояду бо зулм напояд».

 Ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки ба наздики бо сиёсати инсондўстона, башардўстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 ноболиғи тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ ва Сурия ба Ватан сарзамини аҷдодиашон баргардонида шуданд. Бо ин иқдоми муборак имкон пайдо шуд, ки шўҳрати оламшумули шахсии Президенти кишвар  ва давлатӣ миллии мо таъмин гардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шафари миллатро ҳифз кард.

Миллату давлати мо маҳз  бо матонату сарсупурдагӣ ва миллатпарастиву ҷоннисории ин абармард дар  паҳлўи бузургтарин давлатҳои пешрафтаи дунё қарор дорад.

Мо бояд фахр кунем, Пешвои миллат на як солу ду сол роҳбари ҳақиқӣ будани худро дар амал, дар шаддидтарин ва мураккабтарин вазъият нишон додаанд. Ин шахс Пешвои муааззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Мо бо Президенти соҳибтаҷриба ва соҳибсиёсат, кордидаву размдида  пирўзу муваффақ хоҳем шуд.

 

Ҳошимов Тоҳир- муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg