АНДЕША. Вақте баргардонидани ноболиғонро аз зиндонҳои давлати Ироқ ба Ватан аз тариқи телевизион тамошо кардам, вуҷудамро як ҳиссиёте фаро гирифт, ки онро баён кардан бароям хеле душвор аст. Тасаввур кунед, ки ин 84-ноболиғ дар зиндонҳои ва майдонҳои ДИИШ чи азоберо аз сар гузаронидаанд? Онҳо дар ин муддат чи орзуеро дар дил мепарвариданд? Умед доштанд, ки рӯзе бахт ба рӯяшон механдаду аз азобу машаққати зидони гургони одамсират озод мегарданд. Онҳо ба он рӯзе, ки дар дил мепарвариданд, расиданд. Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар ин лаҳзаҳо ба хотирам ҳамон қасами дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёднамудаи Пешвои миллат омад, ки гуфта буд “ То он вақте як шаҳрванди кишвар дар хориҷ аз он азоби беватаниро мекашад ман худро ором ҳис намекунам!”. Ин кӯдакон бо тамоми ҳастӣ азоби беватаниро мекашиданд ва сад шукр ва ҳазор шукр, ки тавассути Сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат ба Ватан баргардонида шуданд.
Кӯдаконро баргардониданд, вале он зарари маънавии ба онҳо расонидашударо ҷуброн кардан хеле мушкил аст. Онҳо ба ваҳшониятҳое шоҳид шудаанд, ки онро як умр аз хотир дур карда наметавонанд. Шояд онҳо шоҳиди қатли падару модари худ бошанд. Шояд кушторҳои аз ин бадтарро бо чашмони худ дадаанд. Оё онҳоро фаромӯш кардан мумкин аст? Ҳеҷ гоҳ! Он воқеоти мудҳиш шабу рӯз дар пеши назари онҳост. Заҳмати зиёде лозим аст, ки ин 84 кӯдак ба зиндагии солим баргарданд.
Падару модарон ва ҳар як фарди солимақлро мебояд, ки аз ҳодисаи мудҳиш панди рӯзгор бигирад. Зеро чи тавре Устод Абӯабдулло Рӯдакӣ барҳақ фармуда, ки омӯзгори асосии инсон ҳаёт, зиндагӣ ва рӯзгор аст.
Ҳар ки н- омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н- омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Агар падару модари онҳо чашми худро мекушоданд, дунёро бо чашми ақл менигаристанд, ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби душманони миллат ДИИШ намеафтоданд.
Пешвои миллат дар ҳама Паёмҳои дар чанд соли охир ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудааш дар бораи рӯз то рӯз зиёд гардидани хавфу хатари амалҳои террористие, ки аз ҷониби ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ чун давлати бо ном ДИИШ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигарҳо роҳандозӣ карда мешавад, бо такид сухан ронда, сокинои кишварро ба он даъват менамояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, бо даъватҳои бардурӯғи душманони миллат бовар накунанд ва ҳамеша омодаи мубориза бо ин падидаи номатлуб бошанд.
Дар мардум як сухани одии пандомӯз аст: “Пешина барои пасина пул аст ” Яъне пешина он кореро кард, ки зарар дид, пасина онро намекунад ва он зарарро намебинад.
Аз падару модарон, тамоми сокинони кишвар хоҳиш менамудам, ки аз тақдири 84 ноболиғи аз зиндон бо заҳмати Пешвои миллат ба Ватан баргардонидашуда панду ибрат бигиранд ва дигар худ ва аҳли оилаи худро Ватангадо, зери шиканҷаю азоб нагузоранд.
Халилзода Сафар Хоҷа - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.