БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

АНДЕША. Таҷриба нишон медиҳад, ки шахсони фирефтаи гуруҳҳои  иртиҷоӣ ва экстремистон гашта, ба ваъдаҳои осмонии душманони миллат бовар карда, ҳатто зану фарзандони ноболиғи худро ба мавзеҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ бурда, ба зери тиру тӯп мегузоранд. Ин амалро ягон шахси солимақл барои фарзанд, ки меваи ширинтарин барои волидайн ба шумор меравад раво намебинад. Шахсе, ки ба ифроту ҷаҳолат гирифтор шудааст, ғайр аз якравию бефаҳмӣ, фанатизми динӣ, бадбиниву ҷудоиандозӣ, зоҳирпарастиву хаёлҳои хом дигар чизро дидаю фаҳмида наметавонад ва ба шахси бемории руҳидошта шабоҳат дорад.

Аз рӯи иттилои мавзуда имрӯзҳо чанд нафар кӯдакони ноболиғи тоҷик дар Сурияву Ироқ қарор дошта, аксарияти онҳо аз падару модар ятим мондаанд ва дар ҳолати бесоҳибӣ қарор доранд.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдом ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз хиёнатҳои нобахшидании баъзе аз ашхоси бегонапараст ҳамеша нисбати шаҳрвандони кишвар ғамхориҳои беандоза зоҳир менамоянд.

Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудани гуноҳи мухолифин, аз ҳудуди Афғонистони ҷангзада баргардонидани зиёда аз як миллион гурезагон, гузаштҳои беандоза баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ дида метавонем. Ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбати шаҳрвандони кишвар дар қонунгузории амалкунанда инъикоси худро ёфтааст, ки шахсони дар амалиётҳои ҷангии давлатҳои хориҷа иштироккарда, агар дар кирдорашон таркиби ҷинояти дигар набошад, бо хоҳиши худ ба Ватан баргарданд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Ин муқаррароти дурбинона дар қонунгузории давлатҳои дигар дида намешавад.

Бо ташаббуси бевосита навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 -  нафар кӯдакони ноболиғ, ки дар Ироқ қарор доштанд, ба Ватани азизамон баргардонида шуданд.

Ғамхориву ҷоннисориҳои Сарвари давлатро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд хуб дарк намуда, ба қадру манзалаташ  бирасем ва барои поку беолоиш нигоҳ доштани андешаи миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншинос наврасон ва ҷавонон ҳамзистиву таҳаммулпазирӣ, нигаҳдошти  ҳуввияти миллӣ беғаразона камари ҳиммат бубандем.

Абдуллоев Мирвоҳид - Мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg