БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАДАНИЯТИ ҲУҚУҚӢ ВА ПОЯҲОИ АХЛОҚИИ ШАҲРВАНДОН АЗ ОИЛА ВА МАКТАБ САРЧАШМА МЕГИРАД

Ш.ШОҲИНДар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо хонандагону омӯзгорон ва  аъзоёну кормандони Мактаб-интернати ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ  кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, Асақолов Алиҷон, Неъматов Абдулҷаббор ва Ошимов Абдураҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Неъматов Абдулҷаббор ба музокира баромада дар байни хонандагону кормандони муасиссаи мазкур доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, гаравиши ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, содир гардидани ҷиноят аз тарафи ҷавонон, худкушӣ, худсузӣ ва риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ибрози ақида намуд.

Асақолов Алиҷон ва Ошимов Абдураҳим ба музокира баромада доир ба маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода  ва татбиқи амалишавии Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, аъзоёну кормандонро баҳри амалии он сафарбар намуданд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg