БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»-РО СОКИНОНИ МАҲАЛ ХУБ ҚАБУЛ КАРДААНД!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташилоти ибтидоии “Шуъбаи Омор”-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси ташкилоти ибтидои номбурда, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Султонова Фируза ва кормандони ташкилоти ибтидоӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти он оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва амали Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханрони намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии кудакони эҳтиёҷманд дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва мусоидати  сармутахассиси шуъбаи Омори ноҳияи Шаҳритуз Олимов Парвиз ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритуз маводҳои хониш ҳамчун кӯмаки якдаъфаина тақдим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg