БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ ВА МОНЕАСОЗИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ДАВЛАТ АСТ!

ҶАЙҲУН.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии “Файзбахш” дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷамъомади ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷамъомад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Бекмамадов Асалмамад иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуда буданд, ки “Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта низ самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад”.

Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷинояҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки ҲХДТ мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ ба асосҳои давлату давлатдорӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад.

Дар доираи Аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо иқдоми шахсони саховатманди деҳаи «Замини нав» ба як оилаи эҳтиёҷманд кӯмаки моддии яквақтаина расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg