БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ БО ҶАЛБИ СОКИНОН

ХОВАЛИНГ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати Ғаффор Мирзо пеш аз гузаронидани хониши сиёсӣ масъалаи ташкилӣ дида баромада шуд. Аъзоёни ҳизб ба ҷойи раиси ташкилоти   ибтидоии ҳизбии ҷамоат Азизулло Ҳакимов, ки  - ба нафақаи меҳнатӣ баромадааст, бо овоздиҳии ошкор Афзалбӣ Файзоваро раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб намуданд.

Корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасан Қурбонов раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбиро аз номи Кумитаи иҷроия ва аз номи худ табрик намуда, ба ӯ муваффақияти кор орзу намуд.

Сипас, хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Ҳасан Қурбонов  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳозирин маълумот дода, онҳоро ба иҷрои талаботҳои он даъват намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ Афзалбӣ Файзова аз боварии аъзоёни ҳизб нисбаташ изҳори қаноатмандӣ намуда, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро бовар кунонд, ки корро дар асоси талаботи Оиннома, Барнома ва дигар дастуру супоришҳои органҳои болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳмонда, дар амал татбиқ намудани сиёсати он саҳми арзандаи худро мегузорад.

Дар Аксияи ҳизбии гузаронида шуда аъзоёни ҳизб фаъолона иштирок намуда, дар мустаҳкам намудани соҳили дарёчаи Санговак  саҳми арзандаи худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg