БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ НЕК ХОСИ МАРДУМИ БОШАРАФ АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Воҳурии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Чаманистон-2”-и ҷамоати деҳоти ба номит Кабут Сайфутдинов доир гардид.

Файзизода Каримҷон дар сароғоз бобати самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, оид ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷиҳати  сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Дар идома, оид ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат  ҷиҳати ба Ватан баргардонидани 84 нафар кўдаконе, ки рўзи 30 апрели соли ҷорӣ аз зиндонҳои давлатҳои Сурия ва Ироқ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон Роҳбари хирадпеша ва ватандўст дорад.  Пешвои муаззами миллат нисбати тақдири мардуми кишвараш бетараф набуда, баҳри зиндагии шоистаи онҳо  саъю талош менамояд. Исботи инро дар ташаббуси навбатии Пешвои миллат ҷихати ба Ватан овардани кўдакони тоҷик дидем.

Дар охир иштирокдорони вохўрӣ барои роҳандозии Аксияи тарғиботӣ амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ҳашар баромада, бо тоза кардани гирду атрофи чойхонаи маҳал дар ободонии ноҳия саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg