
ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Сулҳобод» чорабинии ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот ва Бекмамадов Асалмамад ва мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ Асалмамад Бекмамадов доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханрони намуда, қайр кард, ки нерумандии ҳар як кишвар аз Қувваҳои мусаллаҳи он вобаста аст. Албатта, устувории артиш ин аз нангу виқор, ҷасорату садоқати фарзандони миллат сарчашма мегирад. Боиси шукр ва ифтихор аст, ки давлати тозаистиқлоли мо-Тоҷикистон новобаста аз мушкилиҳои олами имрӯз тавонистааст ҳамаи шохаҳои давлатдории худро ташкилу қавӣ созад. Бешак ин ҳама дастовардҳои ҳарбию низомӣ ва дигар бахшҳои муҳими давлат натиҷа ва самараи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар доираи қисмати амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии ташкилоти ибтидоии «Сулҳобод» ба як оилаи эҳтиёҷманд кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба маблағи 400 сомонӣ тақдим карда шуд.