БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҳаллаи Чаманистон-1-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоӣ Аксияи таблиғотӣ-ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардид.

         Намояндагон Файзизода Каримҷон –раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб, Ҳасанова Нигора – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва Исоева Насиба – мутахассиси шуъбаи занон ва ҷавонон дар мулоқот иштирок намуда,  суханронӣ карданд.

         Нахуст, Файзизода Каримҷон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки аз Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, андешаронӣ намуда, қайд намуд, ки он дарбаргирандаи 15 самту соҳаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла саноат, иқисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, занону ҷавонон буда, барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст. Дар доираи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои ҳизбиён вазифаҳо барои соли 2019 мушаххас гардиданд.

        

         Дар охир, иштирокдорон дастаҷаъмона барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ-таблиғотии «Якҷоя ҳал мекунем!»  омодагӣ гирифта, барои роҳандозии он ба шанбегии умумӣ баромаданд. Дар партави аксия сокинон гирду атрофи оромгоҳи деҳаро тозаю озода  намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg