БОХТАР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ширкати хонаҳо» маҷлиис ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Волида Ҳакимова, аъзоён ва тарафдорони ҲХДТ иштирок доштанд .
Баромадкунандагон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи амалии Аксияи амалии “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавии ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ намуданд.