БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗ ЯК ИҚДОМИ ИНСОНДУСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИН БА ВАТАН БАРГАРДОНИДАНИ 84 НАФАР КӮДАКОН АЗ ИРОҚ АСТ!

АНДЕША. Воқеан ба Тоҷикистон баргардонидани 84-нафар кӯдакони аз оилаҳои гумроҳшуда, ки волидайни онҳо дар сафи Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил гардида, дар Ироқу Сурия қарор доштанд, аз иқдомҳои наҷибона ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кӯдакон, ки ояндаи миллатанд, гувоҳӣ медиҳад.

Мувофиқи маълумотҳои ба дастомада кӯдакони тоҷик аз қаламрави Ироқ маҳз бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории судманди намояндагиҳои дипломатӣ, мақомоти марбутаи Тоҷикистону Ироқ ва мусоидати ниҳоди атфоли Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон баргаронида шудаанд.

Сарнавишти атфоли аз Ироқ ба Ватан баргардонидашуда дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти ба таълиму тарбия фаро гирифтан ва мутобиқ намудани онҳо ба ҷомеаи кишвар ғамхорӣ ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки «Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Баргардонидани 84 нафар кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан дар ҳолест, ки қаблан Ҳукумати мамлакат баъзе аз шаҳрвандони кишварро, ки гумроҳ гардида, ба сафи Давлати исломӣ пайвастанд, баъдан пушаймон шуда, ихтиёран ба Ватан баргашта буданд, авф намуда буд. Ташаббуси мазкур ифодагари иқдомҳои башардӯстона ва хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки намехоҳанд ягон кӯдаки тоҷик берун аз Ватан азият бинад.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд».

Ҳасанзода Тағоймурод-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg