БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ ВОҚЕАН ЯТИМПАРВАР

АНДЕША. Пахши хабари ба Ватан баргардонидани 84-нафар ноболиғ аз Ироқ тавасути шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бохабар шуданд,  ки боиси ифтихор, таҳсину офарин ва қаноатмандии мо  ҳамагон гардидаст.

 Ин воқеа бори дигар нишон дод, ки дар Ватани соҳибистиқлоли мо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврасу ҷавон чун ба насли ояндасоз муносибати самимонаву дурбинона воқеан ҷой дорад.

Миллати ватандӯсти кишвар чандин маротиба тавассути оинаи нилгун нафаронеро, ки аз кирдорҳои содирнамудаашон пушаймон шудаву ба Ватан баргашта, зиндагии осудаву озодонаро интихоб кардаанд суханрониашонро шунидаанд, ки айни замон дар Ватани маҳбубамон Тоҷикистон озодона зиндагӣ ва фаъолият карда истодаанд. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ниҳодҳои давлатӣ нисбати онҳо ягон хел фишору зўроварӣ ба мушоҳида намерасад ва ин нуқтаро худашон дар суханрониҳояшон гаштаю баргашта таъкид кардаанд.

Ин ҳама боз як нишонаи он аст, ки Пешвои миллат доимо дар фикри ояндаи кӯдакону наврасони мо, ояндаи халқу миллати мо буда, нисбат ба тақдиру ҳаёт ва зиндагии шаҳрвандони кишвари азизи мо, махсусан наврасону кӯдакон  навобаста аз ҷойи буду бошашон бетафовут нестанд.

Мутаассифона, ин ҳама хайрхоҳиву бахшиданҳоро як зумра хоинони миллат аз қабили собиқ раиси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону думравонаш намебинанду нодида мегиранд. Онҳо, ки бо номи пурвоҳимаи «Паймони миллии Тоҷикистон» ташкилоти паймоншикан ва хоинону гурезагонро бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон созмон дода, дар рӯи олам танҳо ҷор мезананд.

Халқи тоҷик  имрӯз бо  ҳамаи таҳқиру хиёнатҳои гуруҳбозору  афсонахониву туҳматҳои ғаразноки бепаймонони паймоншикани наҳзатӣ тавқи лаънат баста, онҳоро  ҳамчун  воизони дуруя ва хизматгору зархариди хоҷагони хориҷӣ донистаанд. Ин лаънатшудагон намедонанд, дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланд Сарвару Пешвои муаззаму маҳбуби худро дидаанд, ки сиёсати хирадмандона ва ҷасорати бемислашон ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, бо кишварҳои пешрафтаи олам баробар намудани Тоҷикистон ва фароҳам овардани зиндагии босаодату шоиста ба сокинон равона шудааст.

Аммо он палидоне, ки берун аз  Ватан истода ё ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба сафи худашон барин инсонҳои гумроҳу содафеъл, ватанфурўшу хоинро  пайваста, ба сари мардум бадбахтӣ овардан мехоҳанд, чӣ метавон гуфт. Онҳо бояд ба нафрати халқ гирифтор шаванд.

Сатторова М, раиси    КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg