БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГАРДОНИДАНИ КУДАКОН БА ВАТАН БОИСИ ХУРСАНДИИ ҲАР ЯК ФАРДИ БО НАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ ГАРДИД!

АНДЕША. Хабари бо супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонидани 84-нафар кўдакони ноболиғи тоҷик, ки волидайни онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок доштанд ва ҳоло қисме дар зиндон ва гуруҳи дигарашон фавтидаву бенишон гардидаанд, боиси ифтихору руҳбаландии мо гардид.

Зеро тавассути ин иқдоми хирадмандонаи худ Пешвои муаззами миллат бори дигар исбот кард, ки мо дар ҳақиқат миллати инсондўсту  муттаҳид ҳастем ва нангу номуси миллӣ дорем. Чуноне дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ дарҷ шудааст, ин ягона ҳодисаест, ки ба вуқуъ пайвастааст, ҳарчанд кўдакони давлатҳои гуногун дар мавзеъҳои нигаҳдории ноболиғон дар ин сарзамин қарор доранд.

«ЯГОН КЎДАКИ МО ДАР САРЗАМИНИ БЕГОНА ПАРТОФТА НАХОҲАД ШУД». Суханҳое мебошанд, ки аз забони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли ин қазия садо дода, бозгўи сиёсати инсонпарваронаи Президенти кишвари мост. Ин суханон нишонаи онанд, ки ин сарсупурдаи миллат т ба тақдири ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бепарво нест ва амнияту осоиштагии ҳар кадоми онро қарзи имонию виҷдонии худ медонад. Маҳз ҳамин хусусиятҳои хос ва бесобиқаи Пешвои маҳбуби мост, ки ўро ҳамин гуна, яъне бо номи ПЕШВОИ МАҲБУБ дар дилу дидаи мардум ҷой намудааст.

Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши муқовимат бо зуҳуроти терроризму экстремизм қарор дошта, дар муқобилат бо ин амали номатлуб иттиҳоду ҳамдилии тамоми давлатҳои рўйи ҷаҳонро амри зарурӣ мешуморад. Дар робита ба ин Роҳбари давлати мо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид қайд карда буданд, ки «Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Бо ин гуфтаҳо иртибот додани ин амали хунборро ба дини мубини ислом  комилан нодуруст хонда, ҷомеаи ҷаҳониро барои муборизаи дастаҷамъона ба зидди он даъват намуд. Бо ин суханон мехоҳам қайд намоям, ки Сарвари давлати мо шахсест, ки на танҳо осоиштагию оромии мо-тоҷикон, балки амнияти ҳамаи миллатҳоро хоҳон аст.

Мо аз доштани чунин Роҳбар, чунин Сарвар ва чунин Пешво фахр мекунем ва мегўем: Зиҳи! Зиҳи! Зиҳи! 

Ватанзода Сайҷафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg