
Ш.ШОҲИН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Дилхоҳи ҷамоати деҳоти Даштиҷум бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстии шаҳрвандон суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки ҳадафи асосияш бо созандагию ободонӣ сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ибрози ақида намуданд ва сокинонро ба созандагию бунёдкорӣ дар маҳали хеш даъват намуданд.