
А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии «Чашмасор»-и деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти ба номи Калинин аз тарафи аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ аз қабили сангфарш намудани роҳи маҳалла анҷом доданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ба яке аз оилаи ниёзманди деҳа кӯмаки яквақтаинаи озуқаворӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои созанда дар ноҳия аз тарафи ҳизбиён бо маром идома дорад.