БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР МОРО БА КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА ҲАМКАДАМ МЕСОЗАД!

ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баракати Раҳмон” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ  гузаронида шуд.

Зимни баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ғаффорзода Д   қайд кард, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат  ва ҳалли масъалаҳои  иҳтисодию иҷтимои ва таъсиси ҷоиҳои кори саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шудааст.

Вобаста ба ин  зарур аст, ки то соли 2030  ҳиссаи соҳаи саноат  дар маҷмуи маҳсулоти дохили ба 22% расонида шавад. Барои расидан ба ин мақсад бояд амалии шавии барномаҳои  соҳавии қабулшуда ва лоиҳаҳои сармоягузори таҳти назорати қатъи қарор дода, самараноки ва сифати онҳо таъмин карда шавад.

Дар қисмати иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» Корхонаи   коркарди регу шағали ҶДММ «Баракати Раҳмон» барои сангфарш кардани роҳ аз деҳаи Гулобод то Меҳнатобод ва Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод  900 мошин  ва 160 мошин қум  ройгон таъмин карда шуд.

Боиси қайд аст, ки  то имрӯз зиёда 65 км роҳҳои байни деҳаву   маҳаллаҳои  ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии Баракати Раҳмон ройгон сангфарш карда шуданд.

Ин иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорону саховатмандон дар роҳи амали гардидани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амали гардида истодааст.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg