
Н.ХУСРАВ. Вобаста ба иҷрои банди 4-и нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба таҷлили ҷашни 74-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ солҳои 1941-1945 кормандони Кумитаи иҷроия ба аёдати иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ дар ноҳия, сокини деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти «Наврӯз» Фардаев Эшмирзо рафта ба шароити зист, зиндагӣ ва аҳволу саломатиаш шинос шуда, дару деворҳои хонашро рангу сафед ва тозаву ба тартиб оварданд.