БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

НОРАК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Пули Сангин» хониши сиёсӣ баргузор намуд.

Дар рафти чорабинь Фирдавс Ғафурзода атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  махсусан,  пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ , эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва муқовимат бо коррупсия андешаронӣ намуданд. Ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» - ро ҷиҳати тадбиқи босамари он мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас, дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» кормандони ташкилоти номбурда дар назди бинои маъмурии ташкилот ба тозаю озода намудани гирду атрофи бинои маъмурӣ ва нарм намудани бехи дарахтону гулҳои мавсимӣ машғул шуданд. 

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg