
МУЪМИНОБОД. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Сангдараи поён»-и ҷамоати деҳоти ба номи Ш.Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни баромади хеш номбурда, оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26.12.2018 бармеояд, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуданд.