
КУШОНИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бо иштироки сокинон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мулоқоти ҳизбӣ доир карда шуд.
Масъулин зимни баромадашон дар бораи аҳамияти Истиқлолияти кишвар, омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди он, нақши ҳизб дар тақвияти дастовардҳои Тоҷикистон, хатарҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон суханронӣ намуданд.