
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каёниён” доир ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот анҷом дода шуд.
Нахуст, дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каёниён” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки ҲХДТ барои иттиҳодии нерӯҳои ҷомеа бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал тадбиқ намудани ин ҳадафҳо пайваста кӯшиш менамояд.
Дар навбати худ дигар иштирокдорон гуфтанд, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ пайваста саҳми худро мегузоранд.