ҚУБОДИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар деҳаи Садриддин Айнии ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо занони деҳот оид ба тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки миллии тоҷикон хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар он доир ба эҳёи анъанҳои миллӣ аз қабили қуроқордӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ ва ҷашни маросимҳо вобаста ба хусусияти этникии ақалиятҳои миллӣ суҳбат ороста, қайд карда шуд, ки дар баробари тарғиби анъанаҳои миллӣ мебояд, ки насли наврасро низ дар руҳияи хештаншиносӣ ва эҳтиром ба гузаштаҳои аҷдоди тарбия кард.
Ҳамчунин қайд шуд, ки дар насли наврас ба ҷои тамошои ҳар гуна филмҳои бадеие, ки тавасути моҳвора имрӯзҳо пахш карда мешаванд ва ба урфу одати миллии тоҷикон бегона буда, ахлоқи наврасонро коста мегардонад, хониши асарҳои нависандагони тоҷикро тарғиб намоянд.