
ВОСЕЪ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази Ситора»-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар рафти он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза баромад намуда, ба иштирокдорон оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд кард, ки боиси дастгирист, ки Президенти кишвар оид ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва арҷгузории фарзандон ба заҳматҳои шаборӯзии волидон пайваста ғамхори менамояд.
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» махсусан, ҳуқуқ ва ȳҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ба бозҳам баланд бардоштан ва пурзӯр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.