БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ ҚИСМАТИ АМАЛИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!» ДАР МАҲАЛ

ШАҲРИТУЗ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташилоти ибтидоии “Бинокор”-и ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки фаъолон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва муҳтавои Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин,  бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии “Бинокор” Аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!» гузаронида шуд.

Бо ҳиммати шахсони саховатманди деҳа соҳибкорон, Асадуллоева Салима ва Абдураҳимов Панҷӣ ва дастгирии аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” 5 мошин сангреза барои сангфарш намудани маркази деҳа дастрас шуда бо ҳашари дастаҷаъмона роҳ обод карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg