БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ФАРҲАНГ»

ФАРХОР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДт дар ноҳияи Фархор вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Нурматов Шодӣ  кушода масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро ба ҳозирин шинос намуд.Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд намуданд, ки дар замони Соҳибистиқлолӣ фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳид созандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида буда, ҳар яки моро зарур аст, ки  фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо ва марказҳои  фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи  маърифату  маънавиёти  аҳолӣ,  ҷомеа, бахусус, наврасону ҷавонон саҳмгузор бошем.

Ҳамзамон дар ин чорабинӣ аъзои фаъоли ҲХДТ  Ғаффоров Ҳабибулло ба сухан баромада вобаста ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg