БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ КУШОНИЁН НИЗ БАРГУЗОР ГАРДИД

КУШОНИЁН. Саннаи 30-апрели соли 2019 дар ноҳияи Кушониён тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон семинар-машварати ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар дар чорабинии мазкур раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон, ходимони дин ва фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд.

Дар кори семенар-машварати мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ иштирок ва оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои созандаи ҳизб, робитаву саҳмгузории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим суханронӣ намуданд.

         Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ аз тарафи Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба 12 нафар фаъолони ҳизб, ки дар тадбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, махсусан тадбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” саҳм гузоштаанд бо Сипосномаҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg