БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯКДИЛУ ЯКМАРОМ БАР ЗИДДИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” Нозимова Фаришта кушода, баъдан суханро ба муовини раиси Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин дод. Масъулин зимни баромад гуфтанд, ки мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Яъне коррупсия хатари таҳдидкунандае ҳаст дар радифи терроризму экстремизм ба амният ва истиқлолияти давлатии мо. Дар ин росто мавсуф таъкид сохт, ки яке аз вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ низ аз он иборат аст, ки ҳисси нафратро нисбат ба коррупсия дар ҷомеа бедор созад.

Дигар иштирокдорон низ баромад намуда, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеаро вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки якдилу якмаром бар зидди амалҳои коррупсионӣ мубориза мебаранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg